1025 САВОЛУ ҶАВОБ: ҲАҶ ВА УМРА APK

1025 САВОЛУ ҶАВОБ: ҲАҶ ВА УМРА  Icon
0/5
0 Ratings
Developer
EasyLearn
Current Version
2.0
Date Published
File Size
8.2 MB
Package ID
tj.easylearn.hajsavoltj
Price
$ 0.00
Downloads
24+
Category
Android Apps
Genre
Books & Reference

APK Version History

Version
2.0 (200)
Architecture
universal
Release Date
March 25, 2024
Requirement
Android 5.0+
  • 1025 САВОЛУ ҶАВОБ: ҲАҶ ВА УМРА Screenshot
  • 1025 САВОЛУ ҶАВОБ: ҲАҶ ВА УМРА Screenshot
  • 1025 САВОЛУ ҶАВОБ: ҲАҶ ВА УМРА Screenshot
  • 1025 САВОЛУ ҶАВОБ: ҲАҶ ВА УМРА Screenshot
  • 1025 САВОЛУ ҶАВОБ: ҲАҶ ВА УМРА Screenshot

About Radio FM 90s

Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим
Пешгуфтор
Ҳаҷ маҷмӯае аз амалҳои ибодатист, занҷираест нисбатан тӯлонӣ ва аз ҳалқаҳои ба ҳам пайвастаи аъмолӣ ташкил шуда, ки ҳар кадом бояд дар вақти худ ба шакли муносиб иҷро шавад ва агар як ҳалқа, дар ҷои худ устувор нашаваду як амал ба дурустӣ иҷро нашавад, ин занҷир аз ҳам ҷудо ва гусаста мешавад ва ранҷу заҳмати ҳоҷӣ беҳосил мемонад.
Ҳоҷиёне, ки аз кишварҳои дуру наздик ба ҳаҷ ба сарзамини ваҳй, сарзамини нузули малоик ва нузули Қуръону қадамгоҳи Паёмбарон шарафёб мешаванд, отифаашон таҳрик хоҳад шуда ва зуд ба ҳақ мерасанд, модоме ки сарпарасти ҳоҷиён ва зоирини хонаи Худо олимон ва соҳибдилоне бошанд, ки мафҳум, ҳикмат ва сирру асрори ҳаҷро ба ҳоҷиён ва меҳмонони хони Худо гуфта дода тавонанд. Бисёрии ҳоҷиён тайёранд, ки дар ин сафари бузургу тағйирдиҳандаи руҳу равон аз гуноҳон ва аъмоли зишти гузаштаи худ ба даргоҳи Худои таоло бо ихлоси том тавбаву омурзиш намуда аз ҳаҷ ба монанди тифли навзод бегуноҳ ба ватанашон баргарданд.
Мутаассифона бархе аз ҳоҷиён аз ҳадаф ва ҳикмати асоси ва аслии ҳаҷ баҳра набурда аз ин сафари руҳонӣ бенасиб бармегарданд.
Эй бародари динӣ! Худои таборак ва таоло неъмати бузурге ба шумо ато фармудааст, ки иродаи ба хонаи муқаддаси худ ва зиёрати шаҳри мубораки Расули худро дар дилатон андохта ва васоили расидан ба онҷоро низ бароятон муяссар гардонидааст, қадру қимат ва азамати ин неъмати бузургро бидонед ва шукри Худоро ба ҷо оваред. Ва бузургтарин шукри неъматҳо ин аст, ки пеш аз озими сафари ҳаҷ, дар омодагӣ ва омӯхтани аъмоли ҳаҷ ва тариқаи адои он машғул шавед. Дар даврони сафари ҳаҷ бояд чанд китоби диниро ҳамроҳ дошта бошед. Ҳадди ақал яке аз онҳо китобе бошад, ки дар ҳангоми зарурат битавонед масоили ҳаҷро аз рӯи он донист.
Барои ба ҷо овардани яке аз фарзҳои Худовандӣ китобҳои зиёде мавҷуданд. Азбаски барои дуруст фаҳмидану дарк кардани масъалаҳои зикршуда бисёр одамон, ҳоҷиён азоб мекашанд ва баъзе масъалаҳоро нодуруст мефаҳманд. Ман бо кӯмаку ёрии Худованди мутаол кӯшиш ба харҷ додам, ки як китобе бо усули бисёр сода ва омафаҳм ба тариқи саволу ҷавоб таълиф ва ҷамъоварӣ намоям, то ки ҳоҷиёни муҳтарам барои баҷо овардани маносик ва аркони ҳаҷ азоб накашанд ва ба душворӣ гирифтор нашаванд. Ман ҳамаи маросимҳои ҳаҷро бо тартиб бо тариқи саволу ҷавоб барои хонандагон пешниҳод намудам. Аз Худованди мутаол умедворем ки инро қабул бифармояд ва мавриди қабули мусулмонон бигардонад.
Муаллифи китоб: Қурбонов Абдулвадуд

What's New in this version